image

Мулоқоти сарпарасти соҳаи нақлиёт бо ронандагон

date_range30.04.2024, 10:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт, вохӯрии Гурӯҳи корӣ бо кормандону ронандагони ширкатҳои нақлиётӣ ҷамъиятӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ бо беш аз 100 нафар ронандагони микроавтобусҳо аз ҷамъиятҳои нақлиётии “Корвоннақлиётхизматрасон”, “Сорбон 14”, “Муҳаммадҷон Д” ва “Ориён” гуфта шуд, ки давоми чанд соли охир паркҳои нақлиётии пойтахт мутобиқ ба талаботи давру замон таҷдид карда шуд ва имрӯз ба мусофирон навтарин нақлиёти ҷамъиятӣ хизматрасонӣ мекунанд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт Фирдавс Саидзода бо таассуф изҳор дошт, ки дар аксар маврид фарҳангу муоширати қисми зиёди ронандагон ва чиптачинҳои микроавтобусҳо ба маданияти шаҳрдорӣ ва давру замон мутобиқу мувофиқ нест. Тақозо гардид, ки ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки бо либоси махсуси корӣ ва риояи қоидаҳои тозагию санитарӣ ба кор бароянд. Ҳангоми равуо ба дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ халал нарасонанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо фаро расидани фасли гармо масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбарии пойтахтро мебояд, ки баҳри хизматрасонии сатҳи баланд, қабл аз ҳама ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти ба хатҳои сайр сафарбаргардида диққати авалиндараҷа дода, назорати фаъолияти ронандагонро дар шабакаи хатҳои сайр пурзӯр намоянд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ронандагон ба суолҳои бешумори худ дар самти роҳу нақлиёт аз роҳбарони сохторҳои нақлиётии пойтахт ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"