image

МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД

date_range30.04.2024, 14:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

ш.Душанбе, 30.04.2024. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Меҳвари асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба оид рушди нақлиёти шаҳрӣ, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои шаҳри Душанбе ва сокинони он, сохтмони роҳу эстокадаҳо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб муфид ташкил дод.

Раиси шаҳри Душанбе ва Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчунин мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои нав баррасӣ намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳару ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд. Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.