БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ САЙЁР ДАР САМТИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА
ш.Душанбе. 30.04.2024. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёр бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти кор бо занон ва оила, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ, тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои номатлуб дар ҷомеа баргузор карда шуд.
Дар ҷаласа узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, ҳамзамон сардорони раёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, муовинон оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагони соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, робита бо ҷомеа, ҷавонон ва варзиш, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, ходимони дин, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва фаъолзанону собиқадорон иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ба ҷаласаи имрӯза хайрамақдам гуфтанд.
Сипас ҳисоботҳои сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ашурова Дилрабо ва мудирони шуъбаву бахшҳои коро бо занон ва оилаи ноҳияҳои пойтахт оид ба фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли 2024 шунида шуд.
Дар баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар қайд карданд, ки Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҳамаи қишрҳои ҷомеа махсусан занону бонувон ғамхорӣ зоҳир намуда, мақом ва нуфӯзи занону бонувони тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ бамаротиб боло бурданд ва занону бонувонро мебояд, ки ба боварии сарвари давлат сазовор гардида, ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбарияти Олии кишвар дар пешбурди сиёсати мамлакат дар самти кор бо занон ва оила тамоми нерӯи созандаро равона созанд.
Дар охир раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша оид ба ҷоннок намудани корҳо дар самти соҳаи занон ва бартараф кардани камбудиҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ