Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе
Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе дар толори РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе доир гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Прокуратураи шаҳри Душанбе, милитсияи пойтахт, мақомотҳои гумрук, андоз, амният, сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе аз қабили маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва муовинони раисони ноҳияҳои пойтахту намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Дар асоси нақшаи Шӯро, санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти вазъи ошкору пешгирӣ ва таҷрибаи тафтишотию судии ҷиноятҳо марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар ва сахттаъсир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе дар давраи соли 2023 ва се моҳи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, яке аз шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллиро ташкил медиҳад. Дар баробари он ки ин маводи заҳролуд чандин фарди ҷомеаро фасод намуда, ҳаёти онҳоро ба нобуди мебарад, афроди дигаре аз дасти ин мавод гирифтор ва нодор гардида, дар бунбастҳои зиндаги нотавон мемонанд. Аз ин ру баҳри пешгири ва бартараф кардани ин мушкил ба намояндагони сохторҳои масъул дастурҳо дода шуданд.
Ҳамчунин бо инобати зиёд гардидани ҷинояткори миёни ноболиғон ба таври ғайринақшавӣ санҷиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар самти огоҳкунӣ, пешгирӣ, ошкор намудани ҷинояткорӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, бо додани диққати асосӣ ба бақайдгирии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз предметҳои халандаву бурранда дар соли 2023 ва се моҳи соли 2024 ба миён гузошта шуд.
Баромадкунандагон дар заминаи таҳлилу баррасиҳо сабабҳои асосии ҳамроҳшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав паст будани сатҳи маърифатнокӣ, таълиму тарбия, носолимии оила, мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идома фаъолияти мақомоти прокуратураи шаҳри Душанбе дар давраи соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ шуд. Таъкид шуд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Душанбе дар ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, корхонаву ташкилоти пойтахт бо аҳолӣ барои пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм, инчунин хурофотпарастию рафтори ношостаи бархе ҷавонон суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
Бо қарори Шӯро ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ