image

Дар ДТТ вобаста ба фарорасии моҳвораи ҷавонон чорабинӣ доир гардид

date_range01.05.2024, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye167

Дар чорабиние, ки дар доираи фарорасии моҳвораи ҷавонон дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир гардид, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, намояндагони сохтор ва зерсохторҳои Кумита, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва масъулини шуъбаҳои кор бо занони мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсадаи таҳлилу баррасии фаъолияти шуъбаҳо ва бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор шуд.

Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон, сараввал ҳозиринро бо фарорасии моҳвораи ҷавонон табрик намуда, зимни ироаи ҳисоботи хеш фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо ҷавонони макотибҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакатро дар семоҳаи якуми соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ироа намуданд, ки айни замон дар 42 донишгоҳу донишкадаҳои олӣ 245 ҳазор нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ҳар яки моро зарур аст миёни онҳо ҳарчӣ бештар чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ, фарҳангӣ, оммавӣ – варзишӣ, омӯзишӣ ва ахлоқию маънавӣ доир намоем, то ин ки ба татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар миёни ҷавонони таҳсилдошта ноил гардем.

Илова гардид, ки Кумита дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар хонишҳои сиёсиро бо усули “Факулта ба факулта” дар ду марҳила аз 12 феврал то 20 май ва аз 2 сентябр то 20 декабри соли 2023 ба роҳ монд.

Дар натиҷа, дар соли 2023 452 адад хонишҳои сиёсӣ бо иштироки 46 ҳазор 632 нафар донишҷӯёну устодон доир карда шуд, ки дар доираи хонишҳои сиёсӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ вобаста ба авзои мураккаби ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои нав, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ карда шуданд. Ин иқдом дар семоҳаи якуми соли 2024 низ аз 1 март то 20 май ба нақша гирифта шуда, то ин давра беш аз 270 хонишҳои сиёсӣ бо иштироки беш аз 39 ҳазор нафар донишҷӯёну устодон доир гардидааст.

Инчунин вобаста ба тақвияти фаъолияти шуъбаҳои кор бо ҷавонони макотибҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар як зумра пешниҳоду масъалагузорӣ ба роҳ монда шуд.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зимни баромади хеш вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорат бо Кумитаро ёдовар шуда, ироа намуданд, ки Вазорати маориф дар ҳама ҳолат ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон омодаи ҳамкорӣ ва тавсеаи робитаҳо мебошад.

Дар идома ҳозирин доир ба татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, алалхусус “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни ҶТ “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни ҶТ “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ва як қатор стратегияҳои давлатии дар самти тарбияи ҷавонон ва ватандӯстӣ қабулгардидаро шарҳ доданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"