image

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии «Гранд-Слам» оид ба гӯштини ҷудо оғоз мегардад

date_range02.05.2024, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye138

Тоҷикистон аввалин бор мизбони мусобиқаи ҷаҳонии Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Мусобиқаи мазкур аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе миёни беҳтарин ҷудокорони сайёра доир мешавад.

425 ҷудокор аз 71 кишвари 5 қитъаи олам баҳри иштирок дар мусобиқаи номбурда номнавис шудаанд. Аз ин шумора 225 мард ва 196 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро доир мекунанд. “Шоҳи ҷаҳонии ҷудо” Тедди Ринери афсонавӣ миёни сангинвазнҳо ба Душанбе меояд ва Фаронсаро муаррифӣ мекунад.

Афсонаи ҷудои ҷопон ва ҷаҳон Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок менамояд.

Тоҷикистонро бошад дар ин мусобиқа 37 ҷудокор муаррифӣ мекунанд.