image

Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд

date_range02.05.2024, 11:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye214

Даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир гардид. Фестивали гулҳо миллати бофарҳанг ва зебоипарасти тоҷикро дар атрофи гулу гулдону гулрезаҳо ба ҳам овард. Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо тараннумгари гулҳо, балки макони намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва зебоиву фараҳ буд. Баъд аз ҳавои боронӣ сокинони касбу кори гуногун ҷашни ҷумҳуриявии гулҳоро дар ҳавои софу офтобӣ бо табъу руҳияи болида таҷлил намуданд. Ҳар шаҳру ноҳия, вилоят ва муассисаву ташкилот дар базмгоҳ гӯшаи намоишии худро дошту дастовардҳои зебоиофари хешро муаррифӣ кард.

Дар заминаи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо ноҳияи Тоҷикобод шинонидан ва парвириши гули лоларо таҷриба кард.

Меҳмонон дар ҳайати аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сарвазири мамлакат, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, раисон ва муовинони шаҳру навоҳии мамлакат қабл аз ворид шудан ба базмгоҳи асосӣ - Амфитеатри Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ аз раставу гӯшаҳои лолагуни тамоми манотиқи кишвар дидан карданд.

Ҳадаф аз баргузории ин фестивал, пеш аз ҳама, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, бедор нам удани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Зиёзода Сулаймон муовини сарвазири мамлакат дар суханронӣ қайд кард, ки Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо ҳамасола бо ташаббус ва ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Гуфта шуд, ки гулпарварӣ аз анъанаи пешини мардуми тоҷик буда, барои таргиби он имруз пайваста кушиш ба харҷ дода мешавад. Сайри гули лола як рукни ҷашни байналмилалии навруз аст ва ба зебоипарастии мардум замина мегузорад.

Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «гулпарвари беҳтарин», «гулгашт ва хиёбон», «боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «деҳаи беҳтарин», «маҳаллаи беҳтарин», «деҳоти беҳтарин», «шаҳраки беҳтарин», «ноҳияи беҳтарин» ва «вилояти беҳтарин» баргузор гардид ва ғолибон дар маросими ҷоизасупорӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар номинаи шаҳр: ҷойи сеюм насиби шаҳри шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм шаҳри Кӯлоб 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум шаҳри Хуҷанд 5 ҳазор сомонӣ гардид.

Дар номинаи вилоят; ҷойи сеюм вилояти Хатлон 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм вилояти Суғд 5 ҳазор сомонӣ ва Шоҳҷоиза насиби шаҳри Душанбе 10 ҳазор сомонӣ гардид.

Хотиррасон мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"