image

Ғолибони даври ноҳиявии Озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» муайян гардиданд

date_range02.05.2024, 14:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye194

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндагон, ғолибони даври ноҳиявии озмун ва падару модарони хонандагон маросими ҷоизасупорӣ доир гашт.

Тибқи низомнома озмун дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои муайян гузаронида шуда беҳтаринҳо аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба даври шаҳрии Озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» роҳхат гирифтанд. Ҳамин тавр ба тамоми ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ диплом ва туҳфаҳои молӣ тақдим шуд.

Дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки ба ҳар яки онҳо дар вазъияи тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» низ дар вазъияти тантанавӣ диплмои ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз рӯйи номинаҳои: Барномасозӣ, Меъморӣ, Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника, Сайёҳӣ, Кишваршиносӣ ва Табиатшиносӣ миёни хонандагон ва довталабони он доир шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум – 1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда шуданд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун аз рӯйи ҳар як номина дар алоҳидагӣ, ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ тақдим шуд.

Дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои ҳудуди ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки ба ҳар яки онҳо дар вазъияи тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақдим шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"