image

Савганди ҳарбӣ-лаҳзаи пурифтихори ҷавонмардӣ!

date_range02.05.2024, 15:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye292

Дар Бригадаи посбоникунадаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 нафар сарбози даъвати баҳорӣ пас аз омӯзиши курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ, аз худ намудани тартибу низом ва талаботу қоидаҳои рӯзмараи хизмати ҳарбӣ дар вазъияти тантанавӣ Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Ҷамъомади тантанавии савгандёдкунии наваскарон бо даровардани Байрақи ҷангӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва таҳти садои Суруди миллӣ оғоз гардид.

Маросими қабули Савганди ҳарбӣ, ки дар ҳаёти ҳар як ҷавонмарди асил лаҳзаи таърихиву фаромӯшнопазир ба ҳисоб меравад, он дар қисмҳои ҳарбии Артиши миллии мамлакат бо риояи муқаррароти оинномавӣ ва тибқи оинҳои хоси низомиён ба таври шоиста ва хотирмон созмон дода мешаванд.

Савганди ҳарбӣ рукни муҳими буда, ҳар як афсару сарбоз бо ёд намудани он минбаъд, дар давоми хизмат тамоми вазифаву ӯҳдадориҳои масъулиятноки хешро сарбаландонаву софдилона иҷро менамояд.

Дар ин лаҳзаи ифтихорӣ ва шодиву фараҳ яке аз ҷавонони ватандӯст таассуроти хешро чунин ироз намуд.

Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ фармондеҳону волидони сарбозон доир ба иҷрои қарзи фарзандӣ-хизфи Ватан-Модар ибрози андеша намуда, ба наваскарон барои иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои сарбозӣ комёбиҳо орзу намуданд.

Имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан баҳри ободии Тоҷикистон, таҳкими амнияту субот ва пешрафти рӯзафзуни мамлакат ҷаҳду талош варзида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ба таври шоистаю намунавор иҷро менамоянд.

Пас аз маросими бошкӯҳи савгандёдкунии наваскарон гузашти низомӣ ва қадамзании тантанавору ифтихории афсарону сарбозон дар назди минбар ва ҳайати меҳмонон доир шуд.

Таъкид гардид, ки ҷавонон маҳз тавассути хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ ҳамаҷониба обутоб ёфта, чун ҷавонмардони шуҷои Ватан ба камол мерасанд ва дониши сиёсии онҳо баланд гашта, адои хизматро дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон барои худ шараф ва ифтихор медонанд.

Хизмати содиқона ба Ватан, ҳиссӣ баланди ватандӯстӣ ва худшиносию зиракии ҳар як шаҳрванд, хоса ҷавонон омили муҳим дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу амнияти ҷомеа, инчунин ҳифзи манфиатҳои давлату миллат дар раванди ҷаҳонишавӣ ва афзоиши хатарҳои терроризму экстремизм арзёбӣ мегардад.

Шарту шароити хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса қисмҳои ҳарбии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар шуда, ба талаботи низомии замони муосир мутобиқ гардидааст.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"