image

Баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range02.05.2024, 15:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

«Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили вазъ ва дурнамо» таҳти ин унвон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва дигар кормандони масъули вазорату идораҳои дахлдор иштирок ва муҳимтарин масъалаҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз шуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили инфрасохторӣ, кадрӣ ва техникии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҳким ва баҳри пешбурди фаъолият шароитҳои созгор фароҳам оварда шуд.

Дар идомаи конференсия таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии ҳифзи техникии иттилоот мавриди муҳокима қарор гирифта, баҳри рушду такмили он пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки айни замон Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 амалӣ гардида истода, дар асоси талаботи қонунгузории ҷорӣ 6 - май ҳамчун иди кормандони соҳаи сирри давлатӣ муайян гардидааст. Дар ҳошияи иди касбӣ байни иштирокчиёни конференсия табодули самараноки назар амалӣ гардида, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардид.

Конференсияи мазкур дар фазои самараноки корӣ анҷом ёфта, дар интиҳо баҳри такмили самтҳои алоҳидаи корӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"