Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии китоби Гулсифат Шаҳидӣ бо номи «Акси осмон дар чашм» доир шуд
“Акси осмон дар чашм” - ин китоб фарогири романдҳои тахаюлӣ буда, ба қалами номзади илмҳои филологӣ, рӯзноманигор, нависанда, адабиётшинос, академияи Академияи байналмилалии рушди адабиёт ва санъат, Гулсифат Шаҳидӣ мутаалиқ аст. Китоб бо сабки хоса ва дунёи тахаюли нависанда чоп ва дастрасӣ хонанда гардида, аз оламе, ки танҳо эҷодкор ҳақи бозбинӣ дораду гуфтан, нақл мекунад. То ин дам “Акси осмон дар чашм” бо забони русӣ дар дунёи адабиёт чарх мезад, акунун Салими Зарафшонфар онро бо забони ноби тоҷики тарҷума карда, дастраси хоанадаи тоҷик гардонид. Сабки қаламкаш дар ин ҷо, дунёи тахаюлиро ба тавре инъикос кардааст, ки аз будаш зиёд ва ҳамин буд, ки тасмими бо забони тоҷикӣ мутарҷум шудану чоп гардидан зуттар гирифта шуду амалӣ гардид. Ҳоло китоб дорои 10 боб буда, барои дӯсторони китоб воқеан чизи нав аст. Ба ин хотир, бо иштироки муаллиф - Гулсифат Шаҳидӣ ва тарҷумон Салим Зарафшонфар, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ ва рӯнамоии китоби тарҷумашуда, баргузор шуд.
Тавре таъкид гардид, Гулсифат Шаҳидӣ аз зумраи адабиётшиносони муосир аст, ки саҳмаш дар рушди ин ҷодда хеле назаррас буда, барои насли нав ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳандӯстию маърифатпарварӣ хеле бузург аст. Дар ҳамин рӯз, ба хотири саҳм гузоштан дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва офаридани асарҳои хонданию пурмуҳтаво, ба муаллифи ин китоб Гулсифат Шаҳидӣ унвони узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дода шуд.
Ҳамоиш дар фазои идона ба анҷом расид.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ