image

Даври ноҳиявии Озмуни “Тарбиятгарони маърифатӣ ҳуқуқӣ” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range15.05.2024, 16:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye153

Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Дар ин доира бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоилӣ Сомони озмуни ноҳиявии “Тарбиятгарони маърифатӣ ҳуқуқӣ” миёни омӯзгорони фанни ҳуқуқи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия доир карда шуд.

Зимни ифтитоҳи озмун масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ қайд намуд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвару ҳуқуқбунёд маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.

Сипас озмун бо иштироки 20 нафар ғолиби даври муассисавӣ ба кори худ оғоз намуд. Озмуни ноҳиявии “Тарбиятгарони маърифатӣ ҳуқуқӣ” бори аввал буда, даври аввали он дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ба роҳ монда шуд. Инак ғолибони даври муассисавӣ бо бартариятхои бештар дар даври ноҳиявӣ ширкат варзида, аз рӯйи Барномаи электронии «Тести ман» бо ҷавоб ба 200 савол байни ҳам рақобат карданд.

Бояд гуфт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои аз худ намудани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтирому риояи Конститутсия ва дигар қонунгузории амалкунандаи мамлакат аз ҷониби шаҳрвандон ва дар раванди эъмори давлати ҳуқуқбунёд саҳм гузоштани онҳо натиҷаҳои назаррасро ба бор хоҳад овард. Рушди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дошта, барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ бояд аҳамияти аввалиндараҷа дод.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"