Баргузории даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол» дар ноҳияи Шоҳмансур
Бо мақсади ҳавасманд гардонидани мураббиёни фаъоли муассисаҳои таълимии томактабӣ, дастгирии моддӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофи рағбати мураббиён ба ташаббускорию эҷодкорӣ, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарин ҳамасола озмуни «Мураббии сол» доир карда мешавад.
Даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол» дар Кӯдакистони №30-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, шуъбаи маорифи ноҳия ва мудирону мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томакатбии ҳудуди ноҳия доир гардид.
Дар даври ноҳиявии озмун 8 нафар довталаб иштирок ва ҳунару маҳорати худро пешниҳоди ҳайати ҳакамони озмун гардониданд. Бояд гуфт, ки дар озмун мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқи, ки на камтар аз 5 сол собиқаи кории мураббигӣ доранд, иштирок карда метавонанд. Озмуни Мураббии сол дар 3 давр, дохили муассисавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ-ҷумҳуриявӣ доир карда мешавад.
Комиссияҳои ноҳиявии озмун барои иштироки довталабон дар даври сеюм дар баробари ҳуҷҷатҳои номбурда қарори ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба ғолиби Озмун ва маълумотномаи ин комиссияро дар бораи фаъолияти довталабон бо нишон додани хулосаи комиссия баъд аз 10 рӯзи баргузории даври дуюми Озмун ба Комиссияи шаҳрии озмун пешниҳод мегардонад.
Даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол» дар ноҳияи Шоҳмансур аз рӯи шартҳои донистани санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ оид ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва тарзи татбиқи талаботи ҳуҷҷатҳои мазкур дар фаъолияти довталаб, донистани талаботҳои Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабии «Рангинкамон» ва амалӣ гардонидани он дар фаъолияти худ, ҳолати санитарӣ-гигиенӣ ва ороиши гурӯҳе, ки мураббӣ-довталаб дар он фаъолият менамояд, инчунин ба низом даровардани реҷаи рӯз ва дигар шартҳо миёни довталабони даври ноҳиявӣ баргузор шуд.
Дар асоси низомномаи даври ноҳиявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» довталабони он дар асоси шартҳои муайнгардида аз ҷумла муаррифии фаъолияти педагогӣ (дар доираи 20 дақиқа), дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ санҷида мешавад. Бояд қайд кард, ки довталабони озмуни ноҳиявии имрӯза то ин муддат ба ҳайати ҳакамон ҳуҷҷатҳоро дар мисоли дархости муассисаи таълимӣ, шуъба ва раёсати маориф барои иштирокчии озмун, маълумот дар бораи иштирокчӣ, дархост барои гузаронидани машғулияти таълимӣ, 4 адад сурати андозаи 3*5 супорида буданд.
Ғолиби даври ноҳиявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» дар ноҳияи Шоҳмансур муайян гардида ба даври шаҳрӣ роҳхат дода мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ