image

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ТАРАБХОНАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

date_range16.05.2024, 15:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye164
ш.Душанбе. 16.05.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022, №8 дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе” бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандози карда шудааст.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сокинону меҳмонони пойтахт суханронӣ намуда, ғолибони озмунро барои сазовор гардиданашон ба зинаҳои ифтихорӣ табрик намуданд.
Дар асоси Низомномаи озмун, тарабхонае, ки дар он тарзи дастархонороӣ, тарзи хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуда, ҳамзамон муҳити тарабхона низ бояд хушоянду дилписанд бошад.
Қайд бояд кард, ки тарабхонаҳое, ки дар даври ноҳиявии Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе ғолиб гардиданд, ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.
Намояндагони тарабхонаҳои “Бухоро”, “Оилавӣ”, “9-Вал” ва “Дидор”, “Султонбей”, “Насими баҳор”, “Парфенон”, “Яккачинор”, “Осмон”, “Шах” барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе сарфароз намуданд.
Баъди пурра санҷидани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Анзур» дониста шуда, бо ҷоизаи пулӣ, ҷом ва диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, Ҷамшед Ҷомиев дар номинатсияи “Беҳтарин мененҷер”, Суннатулло Асоев дар номинатсияи “Беҳтарин пешхизмат”, Болтахон Парпиев дар номинатсияи “Беҳтарин ошпаз” ва тарабхонаи “Насими баҳор” дар номинатсияи “Беҳтарин хӯроки хоси тарабхона” ғолиб дониста шуда, бо ҷоизаҳои пулӣ ва сипосномаю туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"