Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавон доир гардид
Дар чорабинии навбатӣ, ки бахшида ба рӯзи ҷавонон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино таҳти унвони «Ҳифзи саломатии ҷомеа-мароми мо» доир шуд, масъулин қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадааст. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷовонои Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонон” Тоҷикистон» карда буданд.
Ин иқдоми наҷиб ҷавонони кишвари моро ба фаъолиятҳои бештар ва иқдомоти шоиста баҳри рушду нумӯи Ватани худ таҳрик дод, ки аз оғози соли 2017 то инҷониб дар ҳаёти ҷавонони Тоҷикистон дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайваст. Зеро таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти минбаъдаи ҷавонон ҳар яки онҳоро водор менамуд, ки баҳри донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунар ва саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии Ватани худ саъю талоши бештар намоянд.
Тавре Пешвои миллат, дар идомаи суханронияш зимни ироаи Паём соли 2016 зикр намуда буданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Ҳамоиши табибони ҷавон таҳти унвони “Ҳифзи саломатии ҷомеа мароми мо” дар доираи ҳамкориҳои муштараки Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар он озмунҳои “Беҳтарин табиби ҷавон”, “Беҳтарин табиби оилавии ҷавон”, “Беҳтарин ҳамшираи ҷавон” ва “Беҳтарин ҳамшираи оилавии ҷавон” ҷамбаст гардид. Ҷойи таъкид аст, ки дар озмунҳои болозикр кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе иштирок намуда, беҳтаринҳо, ки нишондодҳои назаррасро ба даст оварданд, ғолиб дониста шуданд. Ба ҳамин тартиб ғолибон ва кормандони фаъоли соҳаи тандурустии пойтахт бо сипосномаву ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Душанбе сарфароз қадрдонӣ шуданд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ