image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ПОЙТАХТ

date_range22.05.2024, 14:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye87
ш.Душанбе. 22.05.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари гурӯҳи корӣ Одилзода Дилбар, ҷаласаи гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе, Роҳбари гурӯҳи корӣ Одилзода Дилбар иброз доштанд, ки баҳри тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти маҳаллу растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2024, №АП-507 гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.
Бо мақсади иҷрои муқаррароти амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 явари соли 2024, №АП-507 ва татбиқи ҳадафҳои дар болозикргардида бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2024, №95 гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Ҳадаф аз таъсиси гурӯҳи кории доимоамалкунада самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тақвияти корҳои ободонӣ дар пойтахти кишвар ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки дар асоси қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт низ таъсис дода шудааст.
Инчунин, дар рафти ҷаласа лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи кории доимоамалкунадаи оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда, доир ба он аз ҷониби ширкаткунандагон таклифҳои судманд пешниҳод гардид.