image

Ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони «Нақши занону ҷавонон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат»

date_range23.05.2024, 11:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye126

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони "Нақши занону ҷавонон дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат" доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Душанбе, собиқадорон, муовинони раисони чор ноҳияи шаҳри Душанбе мудирони шуъбаву бахшҳо, кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши бонувони пойтахт баромадкунандон қайд намуданд, ки имрӯзҳо занон ва ҷавонон бо дарки амиқи дастгириҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ, азму иродаи қавӣ ва завқи баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти воқеии ҷомеа, роҳи рушду субот ва ояндаи миллат дарак медиҳад.

Зимнан, баромадкунандагон аз эътимод ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри ҷавони кишвар ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Ҳамзамон, дар ин радиф, вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сухан рафта, оид ба шароити наве, ки дар ин давра барои пешрафту тақвияти ҳамаҷонибаи ҷавонон дар мамлакат муҳайё гардидааст, ибрози назар гардид.

Инчунин, дар идомаи ҳамоиш, бобати эълон гардидани санаи 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз чониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассостсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд ибрози назар гардид.

Қиёмиддин Ҳамидов
"ТВ Душанбе"