image

Таҷлили Рӯзи ҷавонон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range23.05.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye165

Дар доираи таҷлил аз Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23-юми май дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад ва 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар толори маҷмаи тандурустии Истиқлол чорабинии маърифатӣ доир карда шуд.

Дар ҳамоише, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир гардид, меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷамъомади навбатӣ масъулин сухан карда зикр доштанд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро бошад ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада таъкид карданд, ки дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Инчунин Пешвои миллат низ дар ҳама баромадҳояшон махсусан қайд менамоянд, ки «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

Бояд гуфт, ки бо истифода аз дастгирию ғамхориҳои падаронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"