image

Ифтитоҳи расмии 4 хатсайри нави сайёҳии Душанбе

date_range25.05.2024, 10:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye191

Шоми 24 май дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии 4 хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ, ки тавассути автобусҳои дуқабата амалӣ карда мешаванд, баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии хатсайрҳои нави сайёҳии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ва дигар сайёҳону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, аз ҷониби масъулон доир ба хатсайрҳои нави сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» рӯнамоӣ пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти мунтазами хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Сайри Душанбе» тавассути автобусҳои дуқабата 25 май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад. Сайри пойтахт дар қадами аввал рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Дар доираи хатсайрҳои нав сайри шомгоҳии Душанбе ташкил карда шуда, сокинону меҳмонон метавонанд бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос шаванд. Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Мавриди таъкид аст, ки дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе — Ҳисор низ фаъол гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе амалӣ карда мешавад. Барои татбиқи ин хатсайрҳо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасони соҳа – «King Tour», «Somon Travel», «Diyor Travel» ва «Tour Tj» ҷалб гардидаанд.

Таъкид гардид, ки хатсайрҳои нав бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ барои пешкаш намудани маҷмуи хизматрасонии сайёҳӣ ба меҳмонону сайёҳон бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ифтитоҳ карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ барои иштирокчиён сайри шомгоҳии Душанбе ташкил гардида, автобус дар самти «Кохи Наврӯз», хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, Наврӯзгоҳ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Чойхонаи Роҳат», Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Майдони 800-солагии Москва, бинои Маҷлиси Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Боғи Нишон, Китобхонаи миллӣ, Қасри миллат, Боғи Парчам, Осорхонаи миллӣ, «Амфитеатр», Боғи ҳайвонот, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази «Исмоилия», «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ»» ва «Кохи Наврӯз» ҳаракат намуд.

Тавре масъулини шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, хатсайри якум аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) оғоз гардида, автобус дар масири Акамемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Бонки миллӣ, Майдони Дӯстӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Маркази савдои «Баракат», Иттифоқи нависандагон, Амфитеатри Аҳорун, Осорхонаи миллӣ, Боғи ҳайвонот, Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Кохи Наврӯз», Қасри теннис, Варзишгоҳи марказӣ, Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», Маркази Исмоилия, «Кохи Борбад», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Маркази ташхисии «Диамед», Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Боғи Умари Хайём, Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнагишикани «Сиёма», Майдони Истиқлол, Меҳмонхонаи «Сафо», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», Бозори Меҳргон, гардиши фурудгоҳ, Меҳмонхонаи «Хилтон», Маркази савдои «Садбарг», Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Серена», Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳаракат менамояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"