image

МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО РАИСИ ҲУКУМАТИ МАРДУМИИ ШАҲРИ ЧЕНДУИ ЧИН ВАН ФЕНЧАО

date_range27.05.2024, 11:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye218

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Ван Фенчао мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ван Фенчаоро ба шаҳри Душанбе хушомадед гуфтанд.

Таъкид гардид, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳими муносибати шарикии стратегии ду кишвар маҳсуб меёбад.

Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар сатҳи шаҳрҳои Душанбе ва Ченду аз рӯи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хуб арзёбӣ намуда, оид ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангу маориф, тандурустиву варзиш ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб манфиатбахш, табодули назар карданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"