Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Ватан" муайян гардиданд
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Ватан" роҳандозӣ гардида буд. Дар ин озмун рӯзноманигорон, устодони донишгоҳҳо, мутахассисон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ва ҳамчунин сокинони оддии кишвар ширкат намуда, маводҳои худро пешниҳод намуданд. Дар доираи як чорабинии тантанавӣ имрӯз озмуни мазкур натиҷагирӣ гардида зимни он ғолибон муайян ва бо диплому мукофотҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар маросими қадрдонии озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Ватан", ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" рӯи даст гирифта шуд роҳбарони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон, мутахассисон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ иштироку суханронӣ намуданд. Роҳандозии тадбири мазкурро масъулин дар боло бурдани ҳисси худшиносии ҷавонон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар фарди мамлакат, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ ва кашфи истеъдодҳои ҷавон маънидод карданд. Тавре зикр гардид озмуни мазкур тавонист онҳоеро, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ доранд ҷамъ биёрад ва як дилнома ё меҳрномаи худро баҳри ҳамватанон пешниҳод созад бо қироати як шеър, тарона ё суруд.
Иброз гардид, ки озмуни мазкур аз 15-уми апрел то 15-уми майи соли ҷорӣ роҳандозӣ шуда, дар маҷмӯъ, дар ин муддат ба унвонии рӯзнома беш аз 120 мавод пешниҳод шуданд, ки 20-тои онҳо ба озмун қабул гардиданд.
Гуфта шуд, ки маводи ирсолнамудаи иштирокчиён танзим шуда, дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ва ютубии рӯзнома ҷой дода шуд. Баҳри таъмини шаффофият барои баҳои арзанда додан ба матлабҳо дар ин муддат камиссияи босалоҳият интихоб гардида буд, ки тавонистанд ба маводи муаллифон баҳои воқеи диҳанд.
Бо натиҷагирӣ аз озмуни мазкур дар доираи як ҷамъомади тантанавӣ ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҷиҳати болидаруҳии иштирокчиён дар охири чорабинӣ барномаи рангини консертӣ манзури аҳли толор карда шуд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ