image

Гулчамбаргузорӣ бахшида ба Иди кӯдакон

date_range28.05.2024, 10:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye199

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи 4 ноҳияи пойтахт ва омӯзгорону хонандагони Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар назди Муҷассамаи Асосгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ маросими ифтитоҳ ва гулчамбаргузории ҳафтаи кӯдакон баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки ҳамасола Ҳафтаи кӯдакон дар сартосари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар соли ҷорӣ низ Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории Рӯзи байналмилалии кӯдакон ба тасвиб расида, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ, хамчунин ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва озмуни расмкашӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятро истифода мебарад. Ҳар сол барои таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барои тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ пешниҳод мегарданд. Бояд гуфт, ки ҳафтаи кӯдакон низ дар доираи ин нақша чорабиниҳо амалӣ карда шуда, дар ин миён бо ҷалби хонандагони Муассисаҳои таълимӣ озмуну чорабиниҳои мухталиф доир карда мешавад.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ба воситаи таблоҳои электронии шаҳри Душанбе, таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзуъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳоро ба нақша гирифтааст.

Қиёмиддин Ҳомидов
"ТВ Душанбе"