image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар н.Фирдавсӣ оғоз гардид

date_range28.05.2024, 11:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye196

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» даври ноҳиявии он дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии даври ноҳиявии Озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳо ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки Озумни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола доир карда шуда, озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ доир мегардад. Пас аз маросими кушодашавии даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Фирдавсӣ кор дар синфхонаҳо оғоз гардид. Довталабони даври ноҳиявии озмун ба номинтасияҳо ҷудо гардиданд ва ҳакамон маҳорати онҳоро санҷиданд.

Тибқи шартҳои муқараргардидаи низомномаи Озмун дар он шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳислоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон аз рӯйи ихтисос), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.

Тибқи талаботи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» донишу истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонун қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки ғолибони ҳар давр бо ифтихорномаву мукофотҳои гуногун аз ҷониби ташкилкуанндагон қадрдонӣ карда мешаванд. Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе якҷо бо доварон ҳамзамон ба маҳорати эҷодиву ихтирокории довталабон низ дар ин рӯз баҳогузорӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ноҳиявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Фирдавсӣ наздик ба 400 нафар довталаб иштирок намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"