image

Маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range28.05.2024, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye146

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳакамони даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд. Пас аз санҷиши ҳаматарфаи аъзои ҳакамон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 400 нафар довталабон иштирок намуда, пас аз хулосаи ниҳоии аъзои ҳакамони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 126 нафар ғолиб дониста шуд.

Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври шаҳрӣ гардиданд.

Ҳамзамон намояндагонисохтору ташкилот, фаъолон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар намяонадони касбу кори гуногун ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Лозим ба зикр аст, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур аз 16 то 19 майи соли 2024 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида шуда буд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"