image

БАРГУЗОРИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

date_range30.05.2024, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye128
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Шӯро муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ифтитоҳ бахшида, аъзои Шӯроро муаррифӣ намуда ва доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2021-2025”, суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи муовини раиси Шӯрои, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт, доир ба таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ссъолҳои 2021-2030 шунида шуд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.