image

“Пешвои миллат-пуштибон ва ғамхори мо, ҷавонон”. Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе

date_range30.05.2024, 11:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye155

Дар кинотеатри “Ватан”-и пойтахт бо ибткори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоиши ятимони кулл таҳти унвони "Пешвои миллат - ғамхори мо ҷавонон" бахшида ба Рӯзи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе, ятимон аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ҳозирин зимни баромади худ иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, натанҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷуӣ менамояд.

Мавриди зикри хос аст, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд.

Дар фарҷоми ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе барои ҳозирин филми ҳунарии ватандӯстонаи синамогарони тоҷик “Сайди сайёд” намоиш дода шуд ва он писанди аҳли толор гардид.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"