image

Баргузории конфронси илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои рушди соҳибкории занон

date_range30.05.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye142

Бо ҷалби коршиносон, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисони соҳавӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳаи соҳибкорӣ ва роҳбарияту кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии вазъи кунунӣ, тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо аз имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пайвастаи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиии ҷомеа, бахусус соҳибкориро яке аз омилҳои пешбарандаи рушди босубот ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар медонад. Вобаста ба ин, муосидат ба рушди соҳибкории занон низ яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодии мамлакат дониста шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муфид роҳандозӣ мешаванд. Баромадкунандагон дар ин самти фаъолият андешаҳои хешро баён намуданд.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат соҳаи мазкурро дар «Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус ба тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занонро муайян кардааст.

Дар суханрониҳо ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, арзёбии сатҳи бархӯрдории занҳои соҳибкор аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини рушди соҳибкории занон ва амсоли инҳо таваҷҷуҳ равона гардид.

Дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2023-ум беш аз 356 ҳазор, аз ҷумла занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор ададро ташкил намуда, нисбат ба панҷсоли қаблӣ тақрибан аз 5 то ба 10 дарсад зиёд мебошад, иттилоъ дода шуд дар идомаи конфронс.

Инчунин дар ҷараёни кори ҳамоиш вазъи кунунии фаъолияти соҳибкории занон, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдошта аз дидгоҳи коршиносон матраҳ гардиданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"