image

Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии пойтахт дар ноҳияи Сино

date_range30.05.2024, 12:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye111

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16-уми майи соли 2024 таҳти рақами 316 “Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” дар ноҳияи Сино таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат” Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии пойтахт ташкил ва баргузор карда шуд.

“Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии пойтахт” дар ноҳияи Сино аз корхонаи истеҳсоли макарон “Лазоли” шуруъ шуд. Хонандагон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимии 43, 97 ва 101 дар гурӯҳи 20 нафарӣ аз раванди истеҳсолот дар ин коргоҳи ватанӣ шинос шуданд. Дар боздид аз корхонаҳо хатмкунандагону хонандагонро муовини раиси ноҳияи Сино, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино роҳбарӣ карданд. Беш аз 60 нафар хонандагони синфҳои болоии се мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба кори хатҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоти корхона ва фаъолияти кормандон таваҷҷуҳ карда, дар баъзе ҳолат даст ба кор шуданд. Сардори сехи истеҳсолӣ ҳар равандҳои истеҳсолотро ба хонандагон фаҳмонид. Корхонаи “Лазоли” дар айни замон зиёда аз 10 навъи маҳсулоти макаронӣ истеҳсол мекунад. Майдони асосии фурӯши махсулоти ин корхона шаҳри Душанбе мебошад.

Дар идомаи “Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии пойтахт” хонандагон ва хатмкунандагони боз се мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино аз корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи Тоҷик” дидан карданд. Дар ин корхона пилла то сатҳи ниҳоӣ коркард шуда, аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол карда мешавад. Дар корхона атлас, адрас, гирбишин, сатин, беқасаб ва дигар намуди матоъҳо истеҳсол шуда, инчунин дар асоси таҷриба ба қолинбофии дастӣ низ равнақ бахшида шудааст. Дар ин ҷо масъули коргоҳ дар баробари фаҳмонидани нозукиҳои касби атласу адрасбофӣ ҳамчунин аз хонандагон даъват кард, ки баъди хатми мактаб омада касбу ҳунар омӯзанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо матои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешавад.

Коргоҳи сеюме, ки хатмкунандагони боз се муассисаи таълимии дигари ноҳияи Сино дар доираи “Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии пойтахт” бо ҷараёни истеҳсолоти он шинос шуданд, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” буд. Дар ин корхона лифт, ҳисобкунакҳои барқ ва таҷҳизоти обгармкунӣ истеҳсол карда мешаванд. Сардори сехҳои истеҳсолӣ ба хонандагон дар ҳар қадам нозукиҳои кор бо таҷҳизоти барқиро шарҳ медод. Хонандагон дар доираи “Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ” тавонистанд дар бораи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ таассурот пайдо кунанд. Роҳанодзии “Форуми экскурсионӣ ва шиносоӣ аз корхонаҳои саноатии пойтахт” дар доира солҳои рушди саноат амри саривақтӣ маънидод мешавад. Хонандагон ва хатмкунандагон дар ин замина метавонанд оянда дар интихоби касб иштибоҳ накунанд ва барои худ касбу кори мувофиқ ва писандидаро пайдо намоянд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"