image

Конфренсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи "Пешвои миллат бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол"

date_range30.05.2024, 14:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye148

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конфренсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи "Пешвои миллат бунёдгузори сиёсати давлатии ҷавонон: иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва нақши онҳо дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир карда шуд.

Зимни маъруза иштирокчиён изҳор доштанд, ки имрӯз ҷавонони мо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд менамоянд.

Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд. Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад. Боиси хушҳолист, ки дар байни ҷавонони тоҷик хислатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварӣ ва ваҳдати миллӣ торафт бештар густариш меёбанд. Таъкид гардид, ки маҳз бо иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Дар интиҳои конференсия ба фаъолон ва дигар иштирокчиён сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе супорида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"