image

Моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардид

date_range31.05.2024, 10:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye197

Дар бинои Амфитеатри Муассисаи давлатии Аҳоруни шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН» чорабинии фарҳангӣ доир гардид.

Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон ва бо суруру шодмонӣ қадршиносӣ намудани ғолибони маҳфилу озмунҳои давоми нимсолаи аввал ва бо пайки шодмонӣ ҳусни интиҳо бахшидан ба моҳвораи ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Амфитеатри Муассисаи давлатии Аҳоруни шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии идонаро таҳти унвони “Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон” роҳандозӣ намуд.

Чорабинии фарҳангӣ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва фаъолони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарияти шаҳри Душанбе, ҷоизадорону ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, варзишгарон, гирандагони стипендияҳои президентӣ, ҳунармандони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, ироа намуданд, ки “...ҷавонӣ фасли шурангези зиндагӣ ва мазҳари нишоту созандагӣ аст. Рӯҳи латиф ва қалби зарифи ҷавон ҷилваи зебои офариниш ва саҳифаи мусаффои ҳастӣ аст. Шур ва оҳанги зиндагӣ дар нигоҳи равшан ва умедвори ҷавонон мутаҷаллӣ аст...”.

Раиси Кумита бори дигар ҷавонони саодатманди кишварро бо иди ҷавониву ҷавонон шодбош гуфта, баргузории чорабиниҳои давоми моҳвораи ҷавононро, ки масъулини соҳа давоми як моҳ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шодмонӣ роҳандозӣ намуданд, қаноатбахш арзёбӣ намуда, дарҷ намуданд, ки барои ҷавони ватандӯсту хештаншинос, ки мехоҳад дар рушду ташаккулёбии Тоҷикистон саҳмгузор бошад, бояд ҳаррӯзи зиндагияш чун ид бошад.

Дар идома ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол”, ки дар интиҳои моҳвораи ҷавонон натиҷагирӣ гардид, дар фазои тантанавӣ диплом, маблағҳои пули ва ба чанде аз фаъолони соҳа, инчунин ба якчанд сохторҳое, ки дар татбиқи сиёсати давлати ҷавонон саҳмгузоранд тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон бахшида ба моҳвораи ҷавонон аз ҷониби як қатор сохторҳо чанде аз кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ихтихорнома, медалҳои сари синагӣ ва ҷоизаҳои соҳавию давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иҷроиши зинда барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии фарҳангӣ ҷилову фазои гуворо бахшид.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"