Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар хона-интернати № 4 ва №2
Ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ифодагари он аст, ки мо нисбат ба ҳаёти кӯдакону ҷавонон бе тавофут набуда, ояндаи кишварро аз ҳастии онҳо медонем. Устодону тарбиятгирандагони мактаб-интернати таҳсилоти асосии №4-и шаҳри Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо як самимияти хос таҷлил намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳбарият ва кормандону тарбиятгирандагони муассисаи мазкур ширкат намуданд.
Зимни ҷамъомад масъулин зикр намуданд, ки кӯдакон дунёи мо, умеди мо ва фардои моянд. Имрӯзҳо диқати аҳли ҷомеа ба насли наврас яъне кӯдакон бисёр ҳам ҷиддӣ ба назар мерасад. Зеро сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба маъюбону ятимон ва табақаи ниёзманди ҷомеа бисёр ҳам хуб ба чашм мерасад. Тарбиятгирандагони ин даргоҳ бо як маҳорати баланд ва дилгарми хушҳолӣ ва сурудхонӣ мекарданд.
Дар идома баҳри болидарӯҳии тарбиятгирандагон аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Шоҳмансур чорабинии рангинӣ фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар шаҳр шароити зарӯрӣ барои илм омӯзии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Тарбиятгирандагон низ дар навбати худ талош доранд, ки донишҳои замонавиро аз бар намуда, барои дар оянда мутахассиси хуб шудан аз ҳоло омодагӣ мебинанд.
Ҳамзамон дар Муассисаи давлатии «Таҳсилоти умумии асосии Мактаб-интернати №2 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он кормандони Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ баромад намуда хотири иштирокчиёнро шод гардониданд. Дар чорабинӣ, намояндагон аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва роҳбарият ва кормандони муассиса ширкат намуданд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар ин даргоҳ наздики 133 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Боиси қайд аст, ки тақрибан дар тамоми кишварҳои дунё ин сана ҳамчун рамзи дӯстдорӣ ва ғамхори нисбати кӯдакон таҷлил мегардад ва моро водор менамояд, ки барои саломатии ҷисмониву рӯҳӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи равониву эҷодии бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намуда, онҳоро ҳифз, парасторӣ, тарбия ва ғамхори кунем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди беолоиши онҳо ҷой диҳем.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ