Ҷамъбасти Озмуни "Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор"
Соли дуюм аст, ки озмун барои дарёфти ҷоизаи "Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин хизматрасонии бонувони соҳибкор" аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи "Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027" гузаронида мешавад.
Ин навбат бо иштироки роҳбарияти бонк, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон, масъулини кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон, кумитаи тадорукот ва шарикони рушд маросими тантанавӣ бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи "Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин хизматрасонии бонувони соҳибкор" баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар суханронии хеш ҳадафи баргузории озмунро дар таъмини иҷрои банди 32 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, инчунин тавсеаи дастрасии соҳибкории бонувон ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ маънидод кард.
Дар идома баромадкунандагон аз дастгирии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба занон ёдовар шуданд. Иброз шуд, ки дар шароити имрӯза фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории бонувон, яке аз нерӯҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаҳои асосии иқтисодӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир, афзоиши даромади аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмӯъ таъмини рушди устувори иқтисодӣ саҳми назаррас дорад.
Сипас, аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун барандагони ҷоизаҳо бо ҷом, диплом ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҷоизаҳо ба ғолибони озмун аз ҷониби масъулин дар вазъияти тантнавӣ супорида шуд.
Ғолибон аз рӯи номинатсияҳои "Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор", “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор”, “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор", "Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор" қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳо баҳри болидахотирии аҳли нишаст барномаи консерти пешниҳод гардид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ