image

“Рисолати бузург дар назди волидайн”. Конференсияи илмӣ-назариявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино

date_range31.05.2024, 15:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye147

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Рисолати бузург дар назди волидайн” бо иштироки раисони кумитаву такшилотҳои ибтидоӣ ва аъзои ҳизби кумитаву такшилотҳои ибтидоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни маърӯзаҳои хеш ҳозирин қайд гардид, ки масъалаи таълиму тарбияи фарзанд яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати кишвар ба шумор рафта, вобаста ба ин қонуни умумимиллӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа ва суханрониҳояшон бо умеду боварии комил ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар ниҳоди онҳо, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии насли наврасу ҷавон пайваста таъкидҳои судманд ва дастуру супоришҳои мушаххас манзур менамоянд.

Дар Пaёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ҳамчун мaсъaлaи муҳимтaрини ҳaёти мaмлaкaт мaвриди тaҳлилу бaррaсӣ қaрор дода шуда, мaсоили бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи мaърифaти ҳуқуқӣ вa тaрбияи ҳуқуқии шaҳрвaндони мaмлaкaт низ aз мaвзуъҳои меҳвaрӣ мaҳсуб меёбад.

Дар фарҷом ба иштирокдорони Конференсия дастур манзур карда шуд, ки вобаста ба масъалаи мазкур бо дарки баланди масъулият корро дар байни ҷомеа дуруст ва самаранок ба роҳ монда, баҳри иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"