image

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

date_range01.06.2024, 10:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye128
​Ҳамватанони арҷманд!
Мехоҳам, ҳамаи сокинони хурдсоли мамлакат, инчунин, волидон ва омӯзгорону мураббиёни онҳоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз сидқи дил табрик намоям!

Дар баробари кишварҳои ҷаҳон, масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва наврасон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, баҳри таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси баланди шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва инсонпарваронаи мо вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа аз фароҳам овардани муҳити ба кӯдакон созгор, таъмини зиндагии хушбахтона, таълиму тарбияи мукаммал ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон иборат мебошад.

Мо бояд тарзе кунем, ки Тоҷикистон ба хонаи умед ва макони биҳиштосои тамоми кӯдакону насли навраси кишвар табдил ёбад. Барои ҳама калонсолон дар хотир доштан муҳим аст, ки кӯдакон ба муҳофизат ва ғамхории мо ниёз доранд.

Ба ҳамаи онҳое, ки фаъолияташон бо тарбия, таълим, ҳифзи иҷтимоӣ, рушди маънавӣ ва камолоти кӯдакон алоқаманд аст, изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳо таманно дорам.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!