image

Мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи ДавлатииМаҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин

date_range03.06.2024, 09:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye103
3 июн дар шаҳри Алмаато дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, инчунин, самтҳои афзалиятдори робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.