Вохӯрии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ
Дар вохӯрии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе, намояндаи Прокуратура ва амният, роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе зимни баромади худ иброз дошт, ки ҷавонону наврасон дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоянд, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошанд.
Дар идомаи мулоқот иштирокчиён қайд намуданд, ки барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ҷомеаи мо зиёд нафароне дучор меоянд, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд.
Зимни баромади Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе зикр гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месзозанд.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон иброз намуданд, ки бояд имомхатибон низ зимни маъвизаҳои худ доир ба масъалаҳои рӯзмарра, аз қабили ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар роҳи рост саҳмгузор бошанд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ