image

Қабули сайёри соҳибкорон дар шаҳри Душанбе

date_range04.06.2024, 10:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye177

Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пайвастаи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиии ҷомеа, бахусус соҳибкориро яке аз омилҳои пешбарандаи рушди босубот ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии мамлакат медонад. Вобаста ба ин ва тибқи нақшачорабиниҳои Прокуратураи шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Прокуратураи ноҳияи Сино қабули сайёри соҳибкорон дар Маҷмааи савдо ва тиҷоратии Саодат ташкилу роҳандозӣ шуд

Дар ҷаласаи сайёри соҳибкорон Прокурори ноҳияи Сино аз дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳибкори ибрози назар карда, соҳибкоронро ба фаъолияти пурсамар даъват намуд. Дар ҷаласаи мазкур бештар соҳибкорзанон ҷалб гардиданд ва мушкилоту норасоиҳои соҳаро бо намояндагони мақомоти прокуратура баррасӣ карданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат соҳаи соҳибкориро дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит барои ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон муайян кардааст.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура иҷроиши дастру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии мамлакат дар самти имконоту дастгирии соҳибкорон, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, баррасӣ шуд. Соҳибкорон аз шарту шароити созгори фаъолият, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ва пешгирии рейдҳову санҷишҳои беасос, изҳори назар намуда, барои имтиёзу имконоти рушди соҳибкорӣ арзи сипос карданд.

Масъалаи тозагӣ ва риояи пӯшидани либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба он аз мавзӯҳои суҳбати намояндагони прокуратура бо соҳибкорон буд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"