image

Маросими ҷоизасупории озмуни ноҳиявии «Чароғи маърифат» ва «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ» дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range04.06.2024, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye123

Дар заминаи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт имсол озмуну чорабиниҳои гуногун созмон дода шудааст, ки озмуни ноҳиявии «Чароғи маърифат» барои хонандагони синфҳои 2-4 ва озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ- ойини худшиносӣ» барои хонандагони синфҳои 8-11 аз ҷумлаи чунин тадбирҳо ба ҳисоб меравад.

Ба иттилои масъулин ташкил ва баргузор намудани чунин озмунҳо барои рушди тафаккури хонандагон ва бештар намудани шумораи хонандагони болаёқат замина мегузорад. Ҳамин аст, ки дар шаҳри Душанбе дар заминаи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чунин озмунҳо пайваста гузаронида мешавад.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат маросими ҷоизасупории озмуни ноҳиявии «Чароғи маърифат» ва «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ» баргузор шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ғолибони озмун аз ҷониби ҳакамон муайян ва барои қадрдонӣ пешбарӣ карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми озмуни ноҳиявии «Чароғи маърифат» барои хонандагони синфҳои 2-4 ва озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ» барои хонандагони синфҳои 8-11 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардида, дар раванди он масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои пойтахт ва намояндагони МИХД ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд. Зимни ин тадбири ҳавасмандагрдонӣ ғолибон ва фаъолони озмунҳо дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар ҷараёни баргузории чорабинии ҷамбастии озмунҳои болозикр аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдор ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон дар соли 2024 аз ҳисоби таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейю гимназияҳои ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ шуданд. Ҷойи таъкид аст, ки дар ин олимпиада ҳамасола шумораи ғолибон аз ҳисоби хонандагони таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе меафзояд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"