Мулоқоти гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинону фаъолони шаҳри Ҳисор
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими ҳуввияти миллӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба созмону ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва тарғиби он, зиёдаравию исрофкорӣ, хурофотпарастӣ ва эмин будан аз хатару таҳдидҳои муосир тарғиб ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони шаҳру ноҳияҳои мухталиф амалӣ гардида истодаанд.
Ин навбат вохӯрии гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он бо сокинону фаъолони шаҳри Ҳисор доир гардид.
Масъулин зимни баромади худ изҳор доштанд, ки одобу рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ — як ҷиҳати эстетикаи рафтори одам буда, қонуну қоидаҳои одоби худро дорад. Алалхусус, одоби либоспушӣ дар кишвар низ бояд аз рӯи этикаи тоҷикона бошад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ба танзими ҷашну маросим, аз ҷумла, пешгирӣ намудани маъракаҳои сермасраф аз қабили ҳоҷибинон ва ғайра бояд чораҷӯӣ карда шавад ва дар ин самт имомхатибони масҷидҳо бо сокинон бояд сӯҳбатҳои муфид анҷом диҳанд.
Дар баромади Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе иброз гардид, ки тезу тунд гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷаҳон, ҷангу муноқишаҳо дар як қатор кишварҳо, ҳалокати одамон ва харобу валангор шудани шаҳру деҳаҳо, ҳамзамон фирори аҳолӣ аз минтақаҳои ҷангзада ба дигар кишварҳо боиси ташвишу изтироби сокинони сайёра гардидааст.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои экстремистию террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо ва фаъолони ҷомеа, ҳамзамон ҳар як фарди ватандӯстро водор месозад, ки талошу кӯшиши худро барои таъмини амнияти давлату миллат ва бехатарии ҳаёти шаҳрвандон равона намоянд.
Тавре иштирокдорони вохӯрӣ дар баромади худ ба аҳли нишаст иброз доштанд, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон иброз намуданд, ки бояд имомхатибон низ зимни маъвизаҳои худ доир ба масъалаҳои рӯзмарра, аз қабили ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар роҳи рост саҳмгузор бошанд.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ