Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши интернет дар татбиқи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва амнияти иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» бо ибтикори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашта, дар кори он роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Зимни баромади худ масъулин қайд намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи «Интернет» ба таври васеъ доираҳои гуногуни аҳолиро фаро гирифта, мамлакатро ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайваст мегардонад. Технологияи иттилоотӣ ахборотро ба нерӯи мутаҳаррике табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунандаро пайдо намудааст.
Воситаҳои навтарини иттилоотӣ метавонанд оқибатҳои ҳам манфӣ ва ҳам мусбатро ба бор оранд. Асри XXI ҳамчун асри технология ва иттилоот шинохта шуда, воситаҳои гуногуни иттилоотиро дастрасии инсоният қарор додааст. Имрӯз интернет яке аз воситаҳои расонидани ахбор ба ҳисоб меравад ва дастрасии мардумро ба иттилоот содда ва худи шахсро ҳамчун сарчашмаи иттилоот ва паҳнкунандаи хабар фаъол менамояд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ