image

Баргузории ҳамоиши олимони ҷавон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

date_range05.06.2024, 11:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye148

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Санаи 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки дар он олимону зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат ширкат доштанд. Устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дар мулоқоти мавриди назар иштирок доштанд. Вобаста ба ин мулоқоти масъулини соҳа ва роҳбарияти донишгоҳ бо олимони ҷавон ва доктарантони PhD баргузор шуд.

Зимни баромади роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро роҳандозӣ менамоянд. Таъкид шуд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста,бомақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Бо ишора ба суханронии сарвари давлат таъкид шуд, ки дар кишвари мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардошта шудааст.

Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Аз олимони ҷавон ва онҳое, ки дар самти илм ба таҳқиқу пажӯҳиш машғуланд даъват шуд, ки бо масъулияти том амал намуда, барои рушди илму маорифи кишвар саҳмгузор бошанд.

Қиёмиддин Ҳомидов 
"ТВ Душанбе"