image

Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳавӣ дар соли таҳсили 2023-2024

date_range05.06.2024, 11:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye130

Дар мактаби муосири байналмилалии Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳавӣ дар соли таҳсили 2023-2024 доир гардид.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҷиҳати татбиқи босамари «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) озмуну олимпиада ва дигар мусобиқоти илмию маърифатӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Инак аз озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳавӣ дар соли таҳсили 2023-2024 дар ноҳияи Сино натиҷагирӣ карда шуд.

Дар маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ рохбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, масъулини сохторҳои маорифи шаҳр ва ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ғолибон иштирок намуданд. Масъулин дар баромади худ аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки эълон ва ташкилу баргузор намудани олимпиадаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ дақик ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба хотири рушди тафаккури техникии насли наврас роҳандозӣ карда мешавад.

Барои қадрдонии ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳавӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе тадбирҳои судмандро амалӣ карда истодааст. Гуфта шуд, ки дар солҳои таҳсили 2023 – 2024 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино дар 14 намуди озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд. Дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯйи ба даст овардани шумораи бештари медалҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ дастаи олимпии ноҳияи Сино дар ҷойи аввал қарор дорад. Дар ин давраи хонандагони ноҳияи Сино 434 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 37 медали тилло, 115 медали нуқра ва 282 медали биринҷӣ мебошад. Наврасони ноҳияи Сино бо дастовардҳои илмию эҷодии худ имконияту қобилияти ба таври шоиста муаррифӣ намуда истодаанд.

Дар маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ва соҳавӣ дар соли таҳсили 2023-2024 64 нафар ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва 82 нафар ғолибони озмунҳои соҳавӣ бо диплому сипоснома ва ифтихорномаву дигар мукофоти молӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Барои фаъолияти назаррас дар рушди соҳаи маориф, ҳаракати олимпӣ, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои гуногун ба омӯзгорон ва роҳбарону мудирони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино диплом ва тухфахои хотирави супорида шуд. Ҳамчунин ғолибони озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол дар ноҳия”, “Кабинети методии беҳтарини ноҳия”, “Беҳтарин муассисаи таълимии томактабӣ дар самти пешбурди корҳои ободонӣ” қадрдонӣ шуданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"