image

Маросими қуръапаротоии даври 1/8 финали "Ҷоми Тоҷикистон" ва марҳилаи гурӯҳии "Ҷоми ҷавонӣ"

date_range05.06.2024, 12:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye171

Дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе машварат-вохӯрии роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо духтурон ва кормандони бехатарии дастаҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур, ки се мавзӯъ баррасӣ шуд, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва намояндагони Лига ширкат варзиданд.

Тавре директори Лигаи Футболи Тоҷикистон таъкид дошт, кору фаъолияти пизишкон бояд дар доираи талаботҳо дар сатҳи касбӣ ва мунсифона ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки кори кормандони Хадамоти бехатарии дастаҳои Лигаи якум ниёз ба тақвият ва ҳамкории бештар бо мақомоти дахлдор дорад.

Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 ва қуръапартои Ҷоми ҷавонӣ баргузор шуд.

Мусобикаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Ҷавонӣ-2024 миёни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои Лигаи олӣ дар ду марҳила баргузор мегардад. Марҳилаи аввал гуруҳӣ - (минтақавӣ) буда, бозиҳо дар ин давра аз рӯи тақвим аз як бозигӣ ба таври даврӣ сурат мегирад.

Марҳилаи дуюм бошад, қисми финалии мусобиқа ба ҳисоб рафта, дар он ғолибони гуруҳҳо дар шаҳри Душанбе барои муайян кардани ғолибон ва ҷоизадорон рақобат хоҳанд кард.

Гуруҳи А (Душанбе)
Гуруҳи Б (Хатлон)
Гуруҳи В (Суғд)

Даври аввали бозиҳои мусобиқаи Ҷоми ҷавонӣ 6 июл шурӯъ хоҳад шуд ва бозии марҳалаи ниҳоӣ қарор аст, 25 июл баргузор шавад. Пас аз қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дастаҳои

Панҷшер - Равшан
Душанбе - Истаравшан
Файзканд - Хуҷанд
Ҳосилот - Артиш
Истиқлол - Эсхата
Куктош - Вахш
Сардор - Шодмон ва Барқчӣ бо Регар-ТадАЗ рӯёрӯ хоҳанд шуд. Дар ин марҳила рақобатҳо аз ду бозӣ: рафту - баргашт иборат хоҳанд буд.

Дар поёни ҳамоиш директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ба тамоми комиссарони мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани бозиҳо дар мавсими нав орзуи муваффақият карданд.

К.Бегматов
ТВ Душанбе