image

Дар Душанбе Форуми байналмилалии занон ва об баргузор гардид

date_range11.06.2024, 11:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye137

Дар толори «Кохи Наврӯз» Форуми байналмилалии «Занон ва об» дар доираи Конференсяи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ-Занон дар Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ Бонки Осиёи Рушд, Институти тафсири ҷанг ва сулҳ, Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд, коршиносони миллӣ ва байналмиллалӣ баргузор гардид.

Дар Форуми байналмиллалии «Занон ва об» намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатодорони муколамаи занони Осиёи Марказӣ, коршиносон ва дар умум намояндагони 27 давлати дунё, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ, коршиносони соҳаҳои гуногун, сиёсатмадорон, олимон, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, фаъолон ва ҳимоятгарони ҳуқуқи занон, шарикони рушд, сармоягузорон, ширкат намуданд.

Дар оғози кори Конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки баргузории Форуми байналмиллалии «Занон ва об» ба фароҳам овардани майдони фарох барои мубодилаи афкор иттилоот ва табодули таҷриба барои ҷонибҳои манфиатдори кишварҳои осиёи Марказӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати таҳия ва амалӣ намудани тавсияҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Мақсади баргузории ин Форумро масъулин дар таъсисдодани платформаи байналмилалӣ барои баррасии нақши муҳими занон дар идоракунии захираҳои обӣ ва таъмини баробарии гендерӣ дар соҳаи муносибатҳои баҳрӣ арзёбӣ карданд.

Ин форум платформа барои занони фаъол ва коршиносони соҳаи об, коршиносони ҳуқуқи гендерӣ ва об, ҷомеаи коршиносон, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалии рушд барои арзёбии пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳо ва тавсияҳои дар Конфронси об барои соли 2022 ва Форуми оби занон дар соли 2022 мебошад; дар он таҷрибаҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ таҳти роҳбарии занонро муаррифӣ ва муҳокима карданд, то ин ки татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шуда дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ муаррифӣ гарданд.

Ҳадафи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабт шуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"