image

Баргузории Форуми бахши хусусӣ барои эҷоди имкониятҳои тиҷорат ва бозор

date_range11.06.2024, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye159

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» Форуми бахши хусусӣ барои эҷоди имкониятҳои тиҷорат ва бозор баргузор гардид.

Дар Форуми бахши хусусӣ барои эҷоди имкониятҳои тиҷорат ва бозор зиёда аз 100 коршиносу мутахасси соҳаи обу иқлим, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва АкваФед, ҳамчунин доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуда, доир ба муттаҳид кардани талошҳо дар самти ноил гардидан ба устувории об ва иқлим барои таъмини суботи минтақа ва таҳкими ҳамкориҳо байни ҷонибҳои манфиатдор маърӯзаҳо карданд.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчунин ҳамраиси Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе мебошад, изҳор дошт, ки бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» Форуми бахши хусусӣ доир мегардад.

Форуми мазкур барои ташкил кардани муколама, мудолиа афкор, ба ҳам овардани ҷонибҳои гуногуни манфиатдор, ҳукуматҳо, ниҳоди СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва муайян намудани қадамҳои минбаъда барои ҳаллу фасли масъалаҳои об, ки яке аз мавзӯи мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд мебошад, платформаи муассир мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир, ки мавзӯи обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд фаъолона пеш мебарад ва шинохти кишвари мо дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ин мавзӯъ хеле баланд аст.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми пешбарандаро касб кард ва имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об эътироф гаштааст. Дар баробари ифтихор кардан ҳамакнун дар ҳаллу фасли масъалаҳои об дар ҳама ҷанбаҳо ва дар ҳама сатҳҳо хусусан дар сатҳи миллӣ мо масъулият бузуруг дорем. Барои муваффақ гаштан дар сатҳи миллӣ моро зарур аст, ки таваҷҷуҳ ба бахши хусусӣ кунем.

Ёдрас мешавем, ки барои бори нахуст дар майдони Раванди оби Душанбе бо ҷалби ширкатҳо аз бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор чунин як платформа муҳайё карда шуд то ки масъалаҳои мубрам баррасӣ шаванд. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин платформа барои муколамаҳои давомдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҷалби нисбатан фаъоли бахши хусусӣ ба соҳаи об замина мегузорад.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"