image

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад

date_range11.06.2024, 11:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye148

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии шашуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро бар зидди тими Покистон бо либоси сафед анҷом медиҳад. Дар остонаи ин рақобат, 10-уми июн дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ранги либоси дастаҳо муайян карда шуд. Дастаи Тоҷикистон фардо бо либоси сафед ва мунтахаби Покистон бо либоси сабз ба майдон мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки бозии мунтахабҳои Тоҷикистон ва Покистон рӯзи 11-уми июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Гела Шекиладзе: “Мо бояд боварии мухлисонро баргардонем”

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе аз мухлисон хост, ки дар рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд. 11-уми июн мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Покистонро анҷом медиҳад.

Гела ШЕКИЛАДЗЕ, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон:

– Дар футбол пастиву баландӣ ҳаст. Ҳамаи мо аз натиҷаи дар Урдун рӯйдода ғамгинем. Бозигарон дарк мекарданд, ки мо бо кӣ бозӣ мекунем ва ин бозӣ чӣ аҳамият дорад. Афсӯс, ки аз имкониятҳои доштаамон истифода бурда наметавонем. Дар ҳар рақобат лаҳзаҳои зиёди голзанӣ дорем, вале ҳадди ақали онро истифода мекунем. Ҳоло ҳама диққатамон ба вохӯрӣ муқобили Покистон равона шудааст. Мо ба майдон мебароем, то бозии зебо нишон диҳем, ғалаба ба даст орем ва марҳилаи интихобиро сазовор ба анҷом расонем. Дастаи мо бояд боварии мухлисонро дубора ба даст орад. Ва аз мухлисон хоҳиш мекунам, ки дар лаҳзаҳои душвор тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"