image

Баргузории семинари омӯзишӣ бо мақсади ба роҳ мондани баҳогузории 10-хола

date_range11.06.2024, 14:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye175

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Душанбе бо мақсади ба роҳ мондани баҳогузории бисёрхола тибқи талаботи “Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур таҳти роҳбарии муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, масъулин ва зиёда аз 200 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардид.

Дар ҷараёни семинар иброз шуд, ки низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар эътироф гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ислоҳоти он пайгирона ва бомаром идома ёфта истодааст. Дар раванди ислоҳот масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо омӯзгорон, стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои иловагии таълимӣ ба андозаи зарурӣ ҳалли худро ёфтааст.

Гуфта шуд, ки санҷидан ва арзёбӣ кардани дониш ва маҳорату малакаҳои хонандагон дар раванди таълим яке аз муҳимтарин омилҳои зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати кӯдакон барои фарогирии дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо буда, яке аз воситаҳои самарабахши назорати падару модарон нисбати фаъолияти таълимии фарзандон мегардад. Маҳз тавассути баҳогузорӣ дониши хананда арзёбӣ мегардад ва падарону модарон ба воситаи он раванди донишазхудкунии фарзандонро назорат карда, бо омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Дар семинари мазкур омӯзгорон доир ба робитаи мутақобила бо хонанда, баҳогузорӣ ба ҷавобҳои шифоҳии хонанда, тартиби қайдҳо дар журнали синфӣ ва рӯзномаи хонанда маълумот мегиранд.

Семинари мазкур се рӯз идома карда, дар охир ба иштирокчиён аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сертификат тақдим мегардад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"