image

Маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннӣ дар н.Исмоили Сомонӣ

date_range13.06.2024, 14:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye147

Дар толори Муассисаи давлатии таълимии литсейи №5 ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ" роҳандозӣ гардид, ки дар ҷараёни он ғолибон бо медалу диплом ва сипоснмаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шуъбаи маорифи ноҳия, намояндагони “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, меҳмонону волидайн ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо ҳузур доштанд.

Дар оғоз масъулин зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузории озмуну Олимпиадаҳои мазкур баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, дарёфт намудани хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳниву эҷодии онҳо ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки ҷиҳати баргузории озмуну Олимпиадаҳои фаннӣ дар ҳудуди ноҳия нақши шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” хеле назаррас буда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор кардани олимпиадаҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Сипас маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи номинатсияи даҳгонаи муассисаҳои таҳсилоти умумии беҳтарин дар самти ҳаракати олимпӣ оғоз гардид, ки Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таълимии “Гимназия ба номи Асадулло Ғуломов”, Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” ба номи Сафар Ниёзӣ, Муассисаи таълимии хусусии “Литсейи Адолат”, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 ва Муассисаи таълимии хусусии “Контофилд” тақдим карда шуд.

Дар идомаи маросими ҳавасмандгардонӣ ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Маърифати ҳуқуқӣ – ойини худшиносӣ”, ғолибони даври ноҳиявии “Конференсияи илмӣ – эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимӣ” ва ғолибони даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 11) бо Диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдони карда шуданд. Инчунин якқатор омӯзгороне ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои мазкур сазовори ҷойҳои намоён гардиданд бо Сипоснома қадрдони карда шуданд ва ҳамзамон хонандагони синфи 11 ки дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” ба таълим фаро гирифта шуда буданд Гувоҳиномаи таҳсил дар иттиҳодияҳои таълимии марказ тақдим карда шуд.

Дар интиҳои маросими мазкур барномаи фарҳангӣ барои хотиболии ҳозирин ба намоиш кашида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"