image

МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРИИ МИҲД ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

date_range14.06.2024, 10:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye105

Дар доираи силсила-мулоқотҳои худ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин навбат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқот намуданд.

Дар мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода намояндагони Прократураи шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва фаъолону сокинони ин ноҳия иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ муовини Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба мавзуъҳои мубрами рӯз аз ҷумла «Шарҳи хулосаҳои асосӣ ва вазифаҳои нави гузошташуда дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9-уми марти соли 2024», «Пешгирии либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги бегона», «фарҳанги шаҳрнишинӣ-ворид шудан ба пойтахт» ва дигар масъалаҳои мубрам маъруза намуданд.

Ҳамзамон вобаста ба пешгирии пайравии занону бонувон ба фарҳанги бегона, гаравиши наврасону ҷавонони мо ба гуруҳҳои ифротӣ, ҳодисаҳои нохуши ҷинояту ҷинояткорӣ миёни ҷавонон аз ҷумла ноболиғон низ суханронӣ сурат гирифт.

Намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Прокуратураи шаҳри Душанбе ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба сухан баромада вобаста ба мавзуъҳои ба соҳаи худ марбут маъруза намуданд.

Дар идомаи мулоқот аъзои гурӯҳи корӣ аз масъулин ва фаъолони шаҳри Турсунзода даъват намуданд, ки дар навбати аввал худи онҳо ба муқаддасоти миллӣ, либоси миллӣ ва талаботи қонунҳои миллии кишварро риоя намоянд ва ба сокинону истиқоматкунандагони ин шаҳри саноативу аграрӣ расонанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиёни мулоқот низ ба сухан баромада роҷеъ ба доир кардани рейду санҷишҳо миёни сокинони шаҳр ва суҳбат-вохӯриҳо вобаста ба пешгирӣ аз фарҳангӣ бегона ба иштирокчиён ҳисобот доданд.

Дар поёни мулоқот дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо аҳли илм маорифи кишвар, ки санаи 30-юми майи соли ҷорӣ доир гашт, ба тамоми иштирокчиёни ҷаласа расониданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"