image

Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии бонувони пойтахт таҳти унвони «Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ-омили худшиносии миллӣ»

date_range14.06.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye109

Дар Боғи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ибтикори КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ва бо мақсади тарғибу ташвиқи пӯшиши либоси миллӣ, пешгирӣ аз паҳншавии бегонапарастӣ миёни мардум, махсусан занону бонувон, эҳтирому арҷгузорӣ ба оинҳои неки ниёгон, пос доштани урфу одатҳои хоси миллӣ, инчунин, гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангии бонувони пойтахт таҳти унвони «Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ-омили худшиносии миллӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиши «Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ-омили худшиносии миллӣ» масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи КИ марказии ҲХДТ, роҳбаряти КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур, масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои ноҳиявӣ, занону бонувони фаъоли аъзои ҲХДТ аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии н.Шоҳмансур, аъзо ва ҷонибдории ҳизб ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки тавре сарчашмаҳои таърихӣ далолат медиҳанд, таърихи ташаккул ва таҳаввули инсоният боиси пайдоиши садҳо миллату халқиятҳо гардидааст ва ҳар як миллату халқият таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, урфу одат, расму оини ба худ хос ва муқаддасоти миллии худро дошта, дар ин замина раванди инкишоф, ташаккул ва муттамарказии худро дармеёбад.

Зимни баромади дигари иштирокчиён гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ ва то рафт доман паҳн намудани бархе аз равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ, аз қабили паҳншавии бегонапарастӣ миёни мардум ва рӯй овардани мардум махсусан ҷавонон ба фарҳанг ва урфу одатҳои бегона, яке аз омилҳое, ки баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни сокинон сабаб мегардад, ин тарғибу ташвиқи пӯшиши либоси хоси миллӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, конфронсу ҳамоишҳо, семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ миёни мардум, махсусан занону бонувон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш бо иштироки ҳунармандону сарояндагони шинохтаи кишвар барномаи зебои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ба раванди чорабинӣ шукуҳмандии дигарро зам намуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"